5-уми феврал Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо сокинон ва фаъолони деҳаҳои Томин ва Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ мулоқот намуд.
Раиси ноҳия пеш аз ҳама дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонид.
Зимни суханронӣ Рӯзибой Раҳимзода раванди созандагиҳоро дар деҳоти болозикр барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, сокинонро барои амалисозии ҳадафҳои бунёдкоронаашон изҳори сипос гуфт.
Раиси ноҳия бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ноҳияи Айнӣ бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати кишвар сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар шуда истодааст. Рӯзибой Раҳимзода бо итминон изҳор дошт, ки сокинони ватандӯст ва соҳибкорони бонангу номуси деҳаҳои Зоосуну Томин дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои саривақт сохта, ба истифода додани иншооти боқимонда тамоми имкониятҳои худро сафарбар месозанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин сокинонро барои рушд додани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ ҳидоят намуда, таъкид кард, ки дар самти амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.
Инчунин, Раиси ноҳия оид ба ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии насли оянда, ҷалби фарзандон ба азхудкунии илму ҳанар, омӯзиши технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, таъкид намуд, ки мо бояд барои пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва риояи бечунучарои талаботи қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун тамоми имкониятҳои худро сафарбар созем. Боварӣ дорам, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Айнӣ минбаъд низ, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Аз ҷониби сокинони деҳаҳои Зоосуну Томин ба Раиси ноҳия барои таъмири қубурҳои оби полезӣ, бунёди майдончаи Парчами давлатӣ, сохтмони Наврӯзгоҳ ва умуман рушди деҳот дархосту таклифҳо пешниҳод гардид. Раиси ноҳия дар навбати худ гуфт, ки мо давра ба давра ва дар якҷоягӣ барои амалишаваии ин саҳми муносиб хоҳем гузошт.
Ҳамзамон Раиси ноҳия аз рафти таъмири Маҷмааи Нақибхон Туғрал ва сохтмони иншооти дар деҳаи Сангистон бунёдшудаистода дидан карда, ба сохтмончиён маслиҳатҳои муфид дод.
и ещё 17
Статистика и объявления
Продвигать публикацию