Дар толори маҷлисии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳияи Айнӣ, ба номи Мақсуд Шукуров Шӯрои навбатии шӯъбаи маорифи ноҳия доир гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар Шӯрои шӯъбаи маорифи ноҳия ҳамчунин, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Фарҳод Мукаррамзода, кормандони шӯъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва роҳбарони Асотсиатсияҳои волидону омӯзгорон ширкат намуданд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода нахуст, ба аҳли нишаст дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Рӯзибой Раҳимзода гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллaт бо фарогирии самтҳои гуногуни фаъолияти давлат ва як қатор нақшаву ташаббусҳо барои ҳалли муваффақонаи масъалаҳои мубрам пешниҳоди ҷомеи кишвар гардид. Хусусан, Пешвои миллат ба илму маориф бештар диққат медиҳанд. Аз ҷумла Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, –Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
Раиси ноҳия зикр намуд, ки дар соли 2025 низ зиёда аз 70 фоизи буҷети давлатӣ дар ноҳия ба соҳаи маориф равона мегардад. Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки дар се соли охир музди маоши омӯзгорон низ 80 фоиз зиёд гардид. Аз ин хотир, бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодаанд, омӯзгорон муваззафанд сатҳи дониш ва таҳсилотро ба маротиб боло баранд.
Рӯзибой Раҳимзода ба омӯзгорон муроҷиат карда, гуфт, ки имрӯз зарурати ба муҳоҷират гусел кардани фарзандони миллат пеш намеояд. Мо имрӯз қодирем бо ҷойҳои кории хуб онҳоро таъмин намоем. Барои ин роҳи дурусти тарбияро аз муассисаҳои томактабӣ оғоз намуда, дар муассисаҳои миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ онро идома диҳем. Ба фарзандон илм омӯзонем, мутахассис тайёр кунем. Зеро, ояндаи ин давлату ин Ватан дар дасти онҳост. Мо бояд садҳо Рӯдакию Сино, Хоразмию Берунӣ, Хайёму Монию Туғрал, садҳои дигар Эмомалӣ Раҳмону Бобоҷон Ғафуров, Айнию Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳои дигар Олимпуру Бобо Сангин, Қорӣ Кариму Муллораҳим, Султонов ва монанди ин бузургонро тарбия карда, ба камол расонем, то ки фардо Тоҷикистонро соҳибӣ кунанду дар рушду нумӯи он саҳми арзанда гузошта тавонанд.
Аз ин лиҳоз, омӯзгорони азиз, биёед ҷавононро дар рӯҳияе тарбия намоем, ки ҳар якеи аз онҳо баҳри андӯхтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, донистани техникаву технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ кӯшишу ғайрати худро ба харҷ дода, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахассиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи хоссаро касб намоянд.
и ещё 6
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
3