Хабарҳои руз

Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Айнӣ

Ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ раванди бунёдкориву созандагӣ вусъати бесобиқа гирифта, дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо маблағгузории ҳукумат ва соҳибкорони баландҳиммат садҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла толору майдонҳои варзишӣ қомат афрохтанд, ки ҳоло мардум ва пеш аз ҳама ҷавонон аз онҳо ба хотири рушди бахшҳои мухталифи варзиши миллӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар доираи ин ташаббусҳои созандаву бунёдкорона дар баландии деҳаи Пинёни Ҷамоати деҳоти Фондарё боз як майдончаи варзишӣ бунёд гардида истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинони деҳаи Пинён мехоҳанд барои ҷалби ҷавонон ба варзиш як майдончаи варзишб сохта ба истифода диҳанд.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия аз рафти сохтмони варзишгоҳ дар деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб боздид кард. Дар ин иншоот низ корҳо вусъати тоза гирифта, аллакай 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид аз рафти сохтмони майдончаҳои варзишӣ бо аҳолии деҳаҳои болозикр мулоқот намуда, сараввал дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Раиси ноҳия ба ташаббускорону бинокороне, ки дар бунёди ин иншооти зебо саҳм гузошта истодаанд, изҳори миннатдории Роҳбарияти Олии кишварро расонид. Зикр гардид, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он як силсила барномаҳои соҳавӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул карда, пайваста азму талош дорад, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо барои инкишофи ҳамаҷонибаи соҳа тамоми шароити заруриро фароҳам оварад. Зеро варзиш дар ҳаёти инсонҳо, алалхусус ҷавонон ҳамчун омили тавонои тарбияи ҷисму руҳи солим, инчунин мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмиву тарғиби арзишҳои олии инсонӣ ва муҳимтар аз ҳама, таблиғи тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад.
и ещё 7
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

10

Leave a Reply

Back to top button