Хабарҳои руз

Муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Айнӣ рушд мекунанд

Раиси ноҳия бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва рафъи мушкилот аз Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №50-и деҳаи Пинёни Ҷамоати деҳоти Фондарё ва №31-и деҳаи Ремону №9-и деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб дидан кард. Рӯзибой Раҳимзода бо омӯзгорони муассисаҳои таълимии дар боло зикршуда ҳамсуҳбат гардида, таъкид кард, ки мақсад аз ташриф ба муассиса ва суҳбати имрӯза огоҳ шудан аз вазъи соҳа, аз забони омӯзгорон шунидани проблемаву мушкилоти ҷойдошта, муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон ва дар ин замина ҷиҳати рушди соҳаи маориф шунидани таклифу пешниҳодҳост. Раиси ноҳия бо толибилмони муассисаҳо низ суҳбат намуда, ба ақлу заковат ва дониши онҳо баҳои баланд дод. Омӯзгорон низ дар навбати худ оид ба проблемаҳои ҷойдошта ба Раиси ноҳия таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ширкати АМКО муассисаро пурра таъмиру азнавсозӣ карда истодааст. Ширкат бо маблағи зиёда аз 3,5 миллион мехоҳад муассисаро таъмиру азнавсозӣ кунад. Айни замон корҳои азнавсозии бино бомаром идома дошта, ширкат талош дорад ҳарчи зудтар корҳои таъмиру азнавсозиро ба итмом расонад. Бинои муассиса бо талаботи замони муосир аз ҷониби ширкат таъмиру азнавсозӣ шуда истода, Рӯзибой Раҳимзода –Раиси ноҳияи Айнӣ мутасаддиёнро водор намуд дар истифодаи масолеҳи сохтмонӣ саҳлангорӣ накарда, онро бо сифати хубу аъло азнавсозӣ кунанд. Зеро, дар ин муассиса, гуфт раиси ноҳия фарзандони ҳамин миллат тарбия меёбанд.
и ещё 14
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

3

Leave a Reply

Back to top button