Хабарҳои руз

Ободкориҳо дар деҳаи Томин

Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томини Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ корҳои ободонӣ бо раванди махсус идома мегиранд.
Сокинони деҳа тасмим гирифтаанд, ки барои сазовор ва бошукуҳ пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллӣ диёри хешро зебо гардонида, саҳми хешро дар ободонию шукуфоии Тоҷикистони азиз гузоранд.
Масъулин талош доранд, ки иншооти гуногуни нақшавиро то муҳлати муайянгардида сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва ин ҷашни фархундаро бо дастоварҳои назаррас пешвоз гиранд.
Айни замон корҳои сохтмонии Наврӯзгоҳ оғоз ёфта, сокинон бо якдилӣ ва бо ҳашарҳои дастаҷамъона ба он вусъати тоза мебахшанд.
Ёдовар мешавем, ки саҳми аҳолии ноҳия ва соҳибкорон дар амалӣ гаштани корҳои ободонию созандагӣ назаррас мебошад.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид ва мулоқот бо сокинон гуфт, ки ободкориву созандагӣ имрӯзҳо дар ноҳия ба як ҳаракат, ҷумбиш ва ё мусобиқа табдил ёфтааст. Ҳар як нафаре, ки имконият дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки гӯшае аз деҳа, кӯча ва ноҳияи хешро ободу зебо гардонад. Сокинони ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи дилсӯзӣ ба Ватан мардум дар маҳалҳои зисташон ба сохтмони пулҳо, макотиб, ҳаммом, ҷӯйборҳо, ҳамвору қирпӯш кардани роҳҳо, ташкили боғҳо ва парвариши ниҳолҳои мевадору ороишӣ, кабудизоркунӣ, сохтмони манзилҳои зисти ҳозиразамон ва тозаву озода нигоҳ доштани хонаву маҳалҳои зисташон аз таҳти дил меҳнат мекунанд, ки ин шоистаи таҳсин аст.
Моро лозим ва зарур аст, ки гуфт Раиси ноҳия аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ карда, дастовардҳои Истиқлоли давлатиамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба созандагӣ, ободкорӣ ва зебову сарсабз гардонидани кишварамон идома диҳем.
и ещё 11
Back to top button