
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанг Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода шаҳодатномаҳои таваллуди 15 нафар навзодонро, ки аз ҷониби Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ба таври ройгон пешниҳод карда шуда буд, ба падару модаронашон тақдим намуд. Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба кӯдакони навзод тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.





и ещё 2