Хабарҳои руз

Таъминот бо оби полезӣ ва нӯшокӣ дар деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ беҳтар мешавад

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти ободониҳо дар деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ боздид ба амал овард.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зоосун ободкориҳо вусъати тоза гирифта, корҳо дар ин самт хеле хуб ва босуръат идома мегиранд.
Сокинони ин деҳаи зебоманзару таърихӣ, ки зодгоҳи шоири номдору фарзонаи халқу миллати тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ мебошад, тасмим гирифтаанд дар ободу зебо гардонидани он саҳми босазо гузошта, барои халқ, давлат ва ватани худ содиқона хизмат намуда, то ҷашни 35-солагӣ онро ба макони боз ҳам гулгулшукуф мубаддал гардонанд.
Айни замон, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз масофаи 5 километр оби полезӣ кашонида шуда истодааст. Бояд гуфт, ки қубурҳои кӯҳна ҳам акнун корношоям гардида, таъмини оби полезӣ ба мавзеи Дашти Зоосун соли гузашта мушкилиҳои зиёде пеш овард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо аҳолӣ ва шарикони рушд ҷаҳд карданд 1600 метр қубурҳои обтаъминкунии дашти мазкурро азнавсозӣ кунанд. Корҳо васлу насбкунӣ аллакай оғоз гардида, Рӯзибой Раҳимзода –Раиси ноҳияи Айнӣ зимни боздид супориш дод то фаро расидани мавсими кишт онро ба итмом расонанд. Айни ҳол қубурҳои қутраш 330 бо дарозии 6 метр бо маблағи наздики 400 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шудаанд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия техникаҳои пурқудрат барои вусъат гирифтани корҳо равона гардида, инчунин, наздики 40 фоизи корҳо ба уҳда гирифта шудааст. Ҳамчунин, Раиси ноҳия супориш дод қубурҳои обтаъминкунии оби нӯшокии деҳаро низ азнавсозӣ карда, мардумро бо оби софу зулол таъмин намоянд. Бо таъмин гардидани оби полезӣ зиёда аз 300 хоҷагии Дашти Зоосун бо он таъмин гардида, наздики 50 гектар заминҳо обёрӣ мегарданд.
Раиси ноҳия ҳамчунин, барои корҳои иловагии обтаъминкунӣ ба аҳолӣ 40 халта семент ҳадя карда, гуфт, ки ин ҳама ободониҳо дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада истодаанд. Чуноне мебинед, гуфт Раиси ноҳия, бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилӣ ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо кард ва тавассути бунёди иншооти нави обрасонӣ қариб 50 гектар замини корами мавзеи Дашти Зоосун обёрӣ мешавад.
Зимни суҳбат бо деҳқонону сокинони мавзеи Дашти Зоосун Раиси ноҳия таъкид кард, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омили асосии боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин замина кишоварзону деҳқонон бояд аз боду ҳаво ва имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода намоянд то сол аз сол ҳосилнокии маҳсулоти полезӣ, бахусус, картошка дар заминҳои корам афзоиш ёбад. Барои дар оянда ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ Раиси ноҳия ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.
и ещё 31
Back to top button