Хабарҳои руз

Маҷлиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

24-уми феврал дар толори маҷлисии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2024 ва вазифагузорӣ барои соли 2025 баргузор шуд.
Дар кори Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, котиби Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Абдушукур Хокирозода, аъзоёнии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия иштирок карданд.
Ҷаласаро котиби Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода ифтитоҳ намуд.
Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин:
1. Масъалаи ташкилӣ;
2. Ҳисоботи Раиси Ҳаракат “Дар бораи фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия дар соли 2024”;
3. Тасдиқи нақшаи кории Ҳаракат дар соли 2025;
мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар масъалаи якуми рӯзнома фаъолияти Муродзода Муқим Қаюм ҳамчун Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан қатъ гардида, Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рӯзибой Маҳмадёр Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ таъин гардид.
Ҳамзамон, фаъолияти Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Бобоҷонов Шодиқул бинобар сабаби фавташ қатъ гардида, Ахмедов Абдулбақо Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия таъин гардид.
Мувофиқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи котиби Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия шунида шуд.
Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома нақшаи кории Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия барои соли 2025 тасдиқ карда шуд.
Раиси тозаинтихоби Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Рӯзибой Раҳимзода дар баромади худ қайд намуд, ки дар соли 2025 нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия бояд мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳатман дар амал татбиқ гардонида шавад. Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия бояд дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва табиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат як силсила корҳои муайянро ба роҳ монда, дар давоми соли 2025 иҷро намоянд.
Дар идомаи суханронӣ, Раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия қайд кард, ки мо бояд фаъолиятро дар ин самт бо ватандӯстию созандагӣ анҷом дода, сиёсати давлатро дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати тақвият додани ғояҳои созанда ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон талоши хешро равона кунем.
и ещё 5
Back to top button