Хабарҳои руз

Маҷлиси фаъолон

24-уми феврали соли 2025 дар толори калони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон мулоқот доир намуд.
Раиси ноҳия, нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро “ Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”-ро ба самъи ҳозирин расонида, масъулонро муваззаф намуд амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ бо дарки масъулият ба роҳ монанд. Ҳамчунин, шахсони масъули бахши идеологии ноҳия вазифадор гардиданд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
Сипас, Рӯзибой Раҳимзода дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, аз масъулон оид ба фаъолияти соҳаҳои маориф ва илм, фарҳангу тандурустӣ, саноату иқтисодиёт, соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин ва дар кадом сатҳ қарор доштани фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пурсиш ба амал овард.
Рӯзибой Раҳимзода ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолонро бори дигар даъват намуд, ки бо дили гарму нияти нек ва содиқона ба Ватан ва давлати худ хизмат намоянд, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати софдилона саҳмгузор бошанд ва вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.
Раиси ноҳия қайд кард, ки Тоҷикистон дар арафаи интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дошта, дар ноҳияи Айнӣ низ, равишу раванд ва масъалаҳои марбута дурусту дақиқ ва бо тамоми масъулият ба роҳ монда шудааст. Мо бояд, гуфт Рӯзибой Раҳимзода баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар сатҳи зарурӣ ташкил намуда гузаронем.
Раиси ноҳия дар самти омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ изҳори ақида намуда, масъулонро оид ба истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд гардонидани кишти картошкаву бунёди боғҳои нав, шинонидани ниҳолҳои интенсивӣ ва дарахтони сояафкану ороишӣ дар пеши масъулону фаъолон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дастуру супоришҳо ҳамчунин ба шахсони масъул оид ба вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
и ещё 5
Back to top button