
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ заминҳои корам ва боғҳои мевадиҳанда, ки бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Айнӣ хароб гардида буданд, барқарор мегарданд. Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли 2024 бар асари боришот ва фаромадани сел боғу заминҳои мавзеи Тагоби Лангар, ки дар тавозуни хоҷагии ҷангали ноҳия аст вайрон гардида, ба истифодабарандагон зарари зиёде овард. Боғу заминҳои мазкур дар гардишгоҳи рақами 1-и «б» ҷойгир гардида, 70 фоизи он хароб гардид. Истифодабарандагон дар ин заминҳо ҳамасола кишти картошка ва дигар сабзавотро ба роҳ монда, фоидаи зиёде ба даст меоварданд. Ҳамчунин, ин мавзеъ боғҳои зиёде дошт, ки дар он 577 бех дарахтҳои мевадиҳанда, 735 бех дарахтони сояафкан, 825 бех буттаҳо, дар масоҳати 0,04 гектар ниҳолхона, 2500 бех ниҳоли адрач, 2000 бех ниҳоли кипарисро ташкил медод.
Таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода барои барқарор намудани замину боғҳои болозикр бо дастгирии Хоҷагии ҷангали ноҳия ба ин мавзеъ 3 адад техникаҳои пурқудрат равона гардида, дар якҷоягӣ бо истифодабарандагон барои бартараф кардани хисороти ба амаломада ва ба кишт гардон кардану бунёду азнавсозии боғҳо иқдом пеш гирифта шуд.
Хоҷагии ҷангали ноҳия ният дорад бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замину боғҳои талафёфтаро пурра барқарор карда, бо истифода аз техникаҳои пурқудрат заминҳои киштро дар ин мавзеъ аз будаш зиёдтар гардонида, ба таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорад.
Бояд қайд кард, ки саҳми истифодабарандагони заминҳои дар боло зикршудаи Хоҷагии ҷангали ноҳия оилаи Дӯстмуҳаммадовҳо, бародарон Сафивуолоҳ ва Ҳабибуллоҳ, Расул Мизоёров, Муҳаммадӣ Алиев, Бобоев Рӯзиқул хеле назаррас буда, Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода барои талошҳояшон дар барқароркунии замину боғҳои офатдида ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.





и ещё 19
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться