
27-уми феврал Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо сокинон ва фаъолони деҳаи Ревад ва мавзеи Ревади Поёни Ҷамоати деҳоти Урметан мулоқот намуд. Дар мулоқот, ҳамчунин Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Боқимаҳмад Боқизода иштирок дошт.
Раиси ноҳия нахуст, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон расонид.
Зимни суханронӣ Рӯзибой Раҳимзода раванди созандагиҳоро дар деҳоти болозикр барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, сокинонро барои амалисозии ҳадафҳои бунёдкоронаашон изҳори сипос гуфт.
Раиси ноҳия бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки ноҳияи Айнӣ бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати кишвар таҳти Роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар шуда истодааст. Рӯзибой Раҳимзода бо итминон изҳор дошт, ки сокинони ватандӯст ва соҳибкорони бонангу номуси деҳаҳои Реваду мавзеи Ревади Поён дар ҳамдастӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободу зебо ва барои ба зиндагии шоиста мутобиқ кардани диёри худ тамоми имкониятҳои худро сафарбар месозанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин сокинонро барои рушд додани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ ҳидоят намуда, таъкид кард, ки дар самти амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.
Инчунин, Раиси ноҳия оид ба ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии насли оянда, бо сарбаландӣ пайвастани ҷавонони далери деҳа ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содиқона адо намудани хизмати Ватан – Модар, ҷалби фарзандон ба азхудкунии илму ҳанар, омӯзиши технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, таъкид намуд, ки мо бояд барои пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва риояи бечунучарои талаботи қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун тамоми имкониятҳои худро сафарбар созем. Боварӣ дорам, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Айнӣ минбаъд низ, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Сокинони деҳа зимни мулоқот ба Раиси ноҳия дархосту хоҳишҳои худро вобаста ба таъмини оби нӯшокию полезӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ ва “Наврӯзгоҳ”, таъмири муассисаҳои иҷтимоии деҳа, таъмини занҳои деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва ташкили коргоҳи дӯзандагӣ, бархӯрдор шудан аз кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ, идома додани сохтмони муассисаи таълимӣ дар мавзеи “Шахи Сиёҳ”-и мавзеи Ревади Поёнро пешниҳод намуданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иброз дошт, ки мо чун ҳамеша баҳри ободонию бунёдкориҳо, осон гардонидани шароити зисту зиндагонии мардум, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани занону духтарон ба шуғл ва ба ҳаёти шоиста мутобиқ кардани сокинон талошҳо ба харҷ хоҳем дод.
Дар зимн, Раиси ноҳия аз рафти сохтмони Муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №10-и ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан кард. Бояд қайд кард, ки муассисаи болозикр дар қатори муассисаҳои садамавӣ қарор дошта, бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонандагони он мактаби нав сохта шуда истодааст. Зимни боздид Раиси ноҳия бо мутасаддиёни соҳаи сохтмони ноҳия ва фаъолону мутасаддиён суҳбат кард. Ба Рӯзибой Раҳимзода иттилоъ доданд, ки идомаи корҳо дар иншоот бо мусоид омадани боду ҳаво вусъат дода мешаванд. Айни ҳол бо сабаби сард будани ҳаво кор дар иншоот муваққатан боздошт карда шудааст.
Баъдан, Раиси ноҳия бо фаъолияти Беморхонаи минтақавии деҳаи Ревад аз наздик шинос шуда, бо кормандон суҳбат кард. Ҳамчунин, Рӯзибой Раҳимзода аз ҳуҷраҳои беморон дидан карда, аз шароити беморхона аз беморон пурсиш ба амал овард. Маълум гардид, ки ҳуҷраҳои беморхона гарм буда, аз маводи сӯхт таъмин аст ва сифати хизматрасонӣ ҳам дар беморхона ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Сипас, Раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо аҳли деҳаи Ревад макони бунёди майдончаи варзишӣ ва “Наврӯзгоҳ”-и деҳаро интихоб намуда, ҳамчунин, аз омодагии деҳқонон ба киштукори баҳорӣ аз заминҳои корам дидан карданд. Тавсеа дода шуд, ки дар деҳа соли ҷорӣ 50 фоиз кишти картошка ва 50 фоизи дигар кишти тамоми маҳсулоти полезӣ зиёд карда шавад. Заминҳои Шумо гуфт, Раиси ноҳия бисёр ҳосилхез буда, имконияти кишти фаровон доранд. Рӯзибой Раҳимзода ба сардори хоҷагии деҳқонии Ревад барои кишти васеи маҳсулоти полезӣ супоришҳои қатъӣ дод.
Зимнан, Раиси ноҳия аз роҳи аз офати табиӣ зарардида боздид карда, ба мутахассисон оид ба бартараф кардани мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод.





и ещё 38
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
40