
28-уми феврали соли 2025 дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо Сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Айнӣ полковники милитсия Шерхон Шодмонзода бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард” бо ҳайати гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд доир гардид.
Нахуст, Раиси ноҳия ба ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд – “танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад”.
Зикр гардид, ки дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Бо дарки ин нуқтаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.
Сипас, Сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия, Сардори гурӯҳи “Авангард” дар ноҳия полковники милитсия Шерхон Шодмонзода ба сухан баромада, вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳнамоиҳои хирадмандонаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, -Генерал полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тафаккури сиёсии шаҳрвандон, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти давлатсозии шаҳрвандон, саҳмгузорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори ақида намуд.
Дар охир як қатор фаъолҷавонони “Авангард” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Айнӣ қадрдони карда шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 22
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться