Хабарҳои руз

Партовҳо бояд дур аз чашм бошанд

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода субҳи имрӯз, 28-уми феврали соли 2025 бо мақсади аз наздик шинос шудан аз фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили Сарвода”-и шаҳраки Сарвода боздид кард.
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили Сарвода»-и шаҳраки Сарвода ба Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода иттилоъ дод, ки корхона дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, саъю кӯшиш менамоянд, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналиро ба аҳолии шаҳрак торафт беҳтару хубтар намоянд.
Раиси ноҳия зимни боздид гуфт, ки дар самти сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳа бо кӯмак ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунию канализатсия бо татбиқи Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ноҳияи Айнӣ таъмин оби нӯшокӣ ба аҳолӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда мешаванд.
Ба мутасаддиён ва шахсони масъули Корхонаҳои воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и маркази ноҳия ва “Манзили Сарвода”-и шаҳраки Сарвода супориш дода шуд, ки мувофиқи нақша ва дар вақти муқарраргардида тамоми хизматрасонӣ ба мардумро бо сифат ба анҷом расонанд. Минбаъд, гуфт Раиси ноҳия партовҳо дар ҷойҳои дур аз чашм ва безарар ҳифз гардида, Шумо мутасаддиён бояд дар таъмини амнияти экологӣ саҳмгузор бошед.
Рӯзибой Раҳимзода барои таъмири биноҳои дохили Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили Сарвода” ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.
и ещё 2
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button