
Интихобот ифодаи ҳокимияти бевоситаи халқ, унсури муҳимми таъминкунандаи иштироки мустақими мардум дар ҳаёти сиёсии давлат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа мебошад.
Санаи 2-юми марти соли 2025 соати 6:00 сокинони ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд.
Сокинони ноҳияи Айнӣ гуруҳ-гуруҳ бо либосҳои зебои идона ва рӯҳияи болида ба ҳавзаҳои интихоботӣ омада тибқи талаботу муқаррароти Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзади арзандаи хеш овоз медиҳанд. Барои қишрҳои гуногуни ҷомеа шароити муносиби овоздиҳӣ ва ворид шудан ба учаскаҳои интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқҳо дар ҳамаи ҳавза ва участкаҳои ноҳияи Айнӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Рӯзибой Раҳимзода, -Раиси ноҳияи Айнӣ дар маъракаи овоздиҳӣ фаъолона ширкат намуда, зимни овоздиҳӣ гуфт, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ ва нишонаи давлати ҳуқуқбунёду демократӣ буда, иштирок дар ин падидаи давлати ҳуқуқбунёду миллӣ қарзи шаҳрвандӣ, кафили суботу оромӣ ва пешрафту тараққиёти давлату миллат аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар интихоботи мазкур ҷавононе, ки бори аввал ҳуқуқи иштирок дар интихоботро пайдо намудаанд, ба ҷонидории номзади арзанда овоз доданд.
Овоздиҳӣ дар ноҳия бомаром идома дорад.





и ещё 26