
Дар таҳкиму тақвияти давлатдорӣ саҳми занону модарон бағоят бузург аст. Ин аст, ки бо мақсади арҷгузорӣ нисбат ба хизматҳои софдилонаю содиқонаи занону бонувон дар ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода як қатор чорабиниҳои идона роҳандозӣ гардиданд.
Тантанаҳои идона тибқи нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бахшида ба “Рӯзи Модар” дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Айнӣ баргузор карда шуд. Дар чорабиниҳои идона шумораи васеи занону бонувони деҳот ҷалб гардида, барномаҳои адабӣ-фарҳангӣ, тарзи либоспӯшӣ бо усули урфу одатҳои аз ниёгон ба мо меросмонда, озмуни “Сад ранги чакан” бо намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ, бофтани мӯй ва дигар намоишҳои ҷолиб аз тарафи занону бонувон ба роҳ монда шуд.
Дар рафти чорабиниҳо мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия Сайёрахон Халифаева ба занону бонувони ноҳия барои иштироки фаъолона ва гузоштани саҳми арзанда дар муаррифии фарҳанги миллӣ миннатдории Раиси ноҳия –Рӯзибой Раҳимзодаро расонида, қайд кард, ки натиҷаи ғамхории Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ фарҳанги мо дубора ҷон гирифт ва имрӯз муаррифгари миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардид.
Зикр гардид, ки вазифаи мо занону модарони ноҳия ҳифзи фарҳанг аз таъсири бади фарҳанги бегона аст, ки метавонад ин дороии маънавии моро ба нестӣ барад. Зеро, миллате, ки тӯли таърихи дуру дарозаш аз дороии доштааш танҳо забону фарҳангаш боқӣ мондааст, дар мавҷи зиндагии пуртазод ҳифзи он қарзу фарзи ҳар яки мост. Аз рушди он ҷараёнҳое, ки метавонанд ин сарватро фурӯ баранд, тавре бояд истифода кард, ки он баръакс, муаррифгари фарҳанги мо ба ҷаҳониён гардад. Бигзор фарҳанги тоҷик — чун пештара фарҳанги ҷаҳонӣ шавад.





и ещё 13
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
10