Хабарҳои руз

ҚАДРДОНИИ КӮЧАРӮБҲО ДАР “РӮЗИ МОДАР”

Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муносибати қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занҳои меҳнаткаш субҳи имрӯз, санаи 7-уми марти соли 2025 дар арафаи “Рӯзи Модар” Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия мулоқот доир намуд.
Рӯзибой Раҳимзода ҳамаи занҳои кӯчарӯбро аввалан бахшида ба “Рӯзи Модар” табрик намуда, гуфт, ки хизматҳои Шумо дар тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия шоистаи таҳсин аст. Меҳнату талошҳои Шумо аст, ки имрӯз маркази ноҳия дар ҳолати хуби экологӣ қарор дорад. Дар ҳақиқат заҳмату талошҳои Шумо шоистаи таҳният аст. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати адолатпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, нафаронеро, ки дар ҳақиқат кори худро содиқонаю софдилона иҷро мекунанд ва барои қадрдонӣ арзандаанд, ҳамеша дастгирӣ ва қадрдонӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин, Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияро барои хизматҳои шабонарӯзиашон изҳори сипос намуда, ба онҳо маводи ғизоӣ ва тӯҳфаҳои идона тақдим кард.
Занҳои кӯчарӯб дар навбати худ барои қадрдонӣ бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки бо илҳом аз сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зеботар гардонидани ноҳияи азизамон саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
и ещё 4
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

1

Leave a Reply

Back to top button