Хабарҳои руз

ТАНТАНАИ “РӮЗИ МОДАР”

Дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни сухани табрикотӣ таъкид намуд, ки бо шарофати талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани “Рӯзи Модар” нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Дар идомаи чорабинӣ дигар ширкатдорон низ оид ба нақши созандаи занону бонувон ва фаъолияту ҷоннисориҳои онҳо дар рушду тараққиёти ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи занону модарон дар ҷомеа баланд гардида, иқдомҳои созандаи бонувон пайваста аз ҷониби ҳукумати кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегиранд. Воқеан, нақши занону модарон дар бунёди оилаи солим, таълиму тарбияи фарзандон ва таҳкиму рушди ҷомеаи мутараққӣ ниҳоят арзишманд аст.
Дар охири чорабинӣ ба бонувону духтарони Дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ тӯҳфҳои идона тақдим карда шуд.
и ещё 2
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button