Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

7-уми марти соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона доир гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Рӯзибой Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногун ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.
Дар ибтидо Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода баромад намуда, ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ -“Наврӯз” таҷлил мегардад, ба тамоми модарону бонувон саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзӯ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки – Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баландтар бардошта шавад. Занони ноҳияи Айнӣ дар радифи дигар занҳои фаъоли Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд. Қайд карда шуд, ки дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Аз ин хотир, дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани “Рўзи Модар” нишони эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу ахлоқ, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамеша дар мадди аввал қарор дорад.
Баъдан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид.
Раиси ноҳия, ҳамчучнин дар иштироки ҳозирин занҳои фаъол, ки дар ободонии диёр саҳми бориз мегузоранд, аҳсан гуфта, миннатдории Роҳбарияти Олии кишварро ба онҳо расонид.
Дар зимн ба модарону бонувон тӯҳфаҳои Раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии бахшида ба “Рӯзи Модарон” идомабахши чорабинии тантанавӣ гардид.
и ещё 11
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button