Хабарҳои руз

Дидорбинии занони собиқадор бахшида ба «Рӯзи Модар»

Зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бахшида ба “Рӯзи Модар” дар ноҳияи Айнӣ ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро бо ҷашни бонувон табрик намуд.
Зимни дидорбинӣ зикр гардид, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.
Рӯзибой Раҳимзода, инчунин, гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани мақоми занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳим меандешад.
Занони собиқадор, аз таваҷҷуҳ ва қадрдонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, барои пойдории сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ободии Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти дуо кушоданд.
и ещё 5

Leave a Reply

Back to top button