
Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, омода намудани хӯрок, шустушӯи манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Заминҳои сабзу хуррам ва зебоманзари Дашти Зоосун самараи даврони Истиқлоли давлатӣ аст. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Дашти Зоосуни деҳаи Зоосун таъмиру азнавсозии хати оби полезӣ ба роҳ монда шуд. Ёдовар мешавем, ки чанд соли охир аз сабаби куҳнаю фарсуда ва корношоям шудани хати оби полезӣ барои обёрии зиёда аз 50 гектар заминҳои мавзеи мазкур мушкилӣ пеш омада буд. Ҳамакнун бо роҳбарии Рӯзибой Раҳимзода ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт.
Айни ҳол, бо дастгирии МИҲД-и ноҳия бо истифода аз техникаҳои пурқудрат барои дар оянда осон гардонидани обёрии ин дашт бунёди роҳи мошингард роҳандозӣ гардид. Рӯзибой Раҳимзода Раиси ноҳияи Айнӣ субҳи имрӯз 10-уми марти соли 2025 аз рафти корҳои роҳсозӣ боздид ба амал оварда бо сокинони Дашти Зоосун аз наздик суҳбат карда, ҳидоятҳои Сарвари давлатро барои ободу зебо гардонидани маҳалли худ расонид. Гуфта шуд, ки тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. Мо бояд, гуфт Раиси ноҳия ҳар як қатраи онро самаранок истифода карда, кишти бемайлони маҳсулоти кишоварзиро васеъ ба роҳ монем ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузорем.
Бояд гуфт, ки корҳои азнавсозии роҳу хати оби нӯшокӣ дар умум аллакай 70 фоиз иҷро гардида, дар шабу рӯзи Ҷашни байналмиллалии “Наврӯз” анҷом меёбанд.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии деҳаи Томин дидан карда, бо ободкорони деҳа мулоқот намуд. Хотиррасон менамоем, ки бо Ташаббуси МИҲД-и ноҳия дар маркази деҳа бунёди Наврӯзгоҳ ва боғчаи бачагона ба роҳ монда шудааст. Мардуми деҳа биноҳои ёрирасони худ аз қабили: мошинсарой, ҳезумхона ва дигар иншооти нолозимро канда, барои сохтмони муассисаи томактабӣ ҳадя карда истодаанд. Соли ҷорӣ, бо гарм шудани ҳаво корҳои сохтмонии иншооти мазкур оғоз мегардад ва ин ҳам ҳадяе хоҳад буд барои сокинон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин, Раиси ноҳия аз рафти шудгори заминҳо аз деҳаи Сангистон боздид кард. Зимни суҳбат бо деҳқонон Раиси ноҳия таъкид кард, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омили асосии боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин замина кишоварзону деҳқонон бояд аз боду ҳаво ва имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода намоянд то сол аз сол ҳосилнокии маҳсулоти полезӣ, бахусус, картошка дар заминҳои корам афзоиш ёбад. Барои дар оянда ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ Раиси ноҳия ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.





и ещё 27