
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 марти соли 2025 Ҷалолзода Саидҷамол прокурори ноҳияи Айнӣ таъин карда шуд.
Дар маросими муаррифи прокурори ноҳияи Айнӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, сардорони Раёсатҳо, идораю корхонаҳо, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия иштирок доштанд.
Дар оғоз муовини прокурори вилояти Суғд Кенҷабой Раҳматов ба сухан баромада, прокурори ноҳияи Айниро дар ҳузури фаъолони ноҳия муаррифӣ намуд.
Сипас, Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода Саидҷамол Ҷалолзодаро барои таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои рисолати касбӣ ҷиҳати назорат ба иҷрои қонуният барору комёби орзу намуд.
Дар охир, собиқ прокурори ноҳия Нуриддин Имомзода барои хизматҳои шоён бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ карда шуд.





и ещё 6