Хабарҳои руз

Таъмиру таҷдиди Боғчаи бачагона дар маркази ноҳияи Айнӣ

Раиси ноҳияи Айнӣ аз рафти таъмири Боғчаи бачагонаи №3-и маркази ноҳия боздид кард.
Бояд қайд кард, ки маъмурияти Муассиса дар якҷоягӣ бо сокинони маркази ноҳия барои таъмири боғча ба Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дархост карда буданд.
Бо ин мақсад, нимаи дуюми рӯзи 10-уми марти соли 2025 Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода аз шарту шароити боғча дидан кард. Маълум гардид, ки муассиса ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дошта, ба талаботи шароити замони муосир бояд ҷавобгӯ бошад.
Бинои муассиса ду ошёна буда, айни ҳол 5 синфхонаи таълимии он барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 135 нафар фарзандони сокинони маркази ноҳия ва гирду атрофи он хизмат менамояд. Бо таъмир шудани дигар синфхонаҳо муассиса метавонад шумораи таълимгирандагонро як маротиба зиёд гардонад. Муассиса аз ошхона, синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат мебошад.
Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид ва мулоқот бо мутасаддиён гуфт, ки кӯдакистон ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия нақши муҳим мебозад.
Лозим ба таъкид аст, ки соҳибкорону дигар ашхоси ватандӯсти маркази ноҳия иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои муассисаи томактабӣ таъсиси чунин кӯдакистонҳоро дар деҳот омили муҳими ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ карда, ба шахсони саховатпеша изҳори миннатдорӣ намуда, ба мутасаддиён ҷиҳати ба таъмири куллӣ фаро гирифтани Муассиса дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамакнун, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Асотсиатсияи волидону омӯзгорон-таълимдиҳандагон таъмири куллии Муассисаро ба роҳ монда, дар давоми сол онро таҷдид хоҳанд кард.
Раиси ноҳия –Рӯзибой Раҳимзода масъулони сохтмони ноҳияро муваззаф намуд барои таъмири майдончаи кӯдакона, таъмири гирду атрофи Муассиса ва рангубори пурраи биною саҳни он чораҳои зарурӣ андешанд.
и ещё 7
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

51

Leave a Reply

Back to top button