
11-уми марти соли 2025 дар толори маҷлисии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил гардид. Дар ҷамъомад Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Рӯзибой Раҳимзода дар баромадаш гуфт, ки нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа хеле назаррас буда, фаъолияти пурсамари онҳо ба ташаккули афкори ҷомеа ва бозтобу ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист”.
Рӯзномаи маҳаллии “Файзи Зарафшон” низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, зиёда аз 90 сол ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори мардуми ноҳияи Айнӣ хизмати босазо мекунад. Тайи даҳсолаҳои охир вобаста ба талаботи замон мазмуну мундариҷаи рӯзнома такмил ёфт. Масъалаҳои умдатарини рӯз: меҳнати созанда, беҳдошти зиндагӣ, ободии диёр, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстию меҳанпарастӣ тарғиби таҷрибаи пешқадам, ахлоқи ҳамида ва монанди инҳо аз зумраи мавзӯҳои ҳамешагии рӯзнома ба ҳисоб мераванд. Боварии комил дорам, ки журналистони ноҳия дар инъикоси корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, меҳнату фидокориҳои мардумро дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт менамоянд.
Дар ҷамъомад, ҳамчунин, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Боқимаҳмад Боқизода, Раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Абдушукур Хокирозода ва собиқадорони соҳаи матбуот суханронӣ намуда, ҳамкасбон, ҳампешагони хешро бо “Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод гуфтанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор рӯзноманигорони фаъол ва собиқадорони соҳа бо Сипосномаву мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.





и ещё 12