Хабарҳои руз

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди ҷомеасозӣ ва ташаккули симои мусбат хеле муассир ва дар муносибатҳои байналмилалӣ муҳим мебошад. Матбуоти даврӣ ва иттилоот марҳала ба марҳала аҳамияти хосса касб карда, ҳоло яке аз самтҳои ниҳоят афзалиятнок мебошад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огоҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии давлатҳо мегардад.

Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, сомонаҳои иттилоотӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таблиғотӣ дар муаррифии давлат ва милати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузоранд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо менамоянд, Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократӣ аст».

Имрӯзҳо дар мамлакат Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад, ки ин санаи муҳими таърихиро  ҳамасола аҳли қаламу фарҳанг бо як шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз мегиранд. Аз нашри нахустин рӯзномаи  забони тоҷикӣ  яъне «Бухорои Шариф» 113 сол сипарӣ мегардад. Рӯзномаи «Бухорои Шариф», дигар кори ба чашм намоёне, ки ҷадидони Бухоро карданд,  нашри рӯзномаҳо буд. Маҳз бо ташаббуси онҳо аввалин рӯзномаи форсии тоҷикии «Бухорои Шариф» 11-уми марти соли 1912 нашр гардид.

Ин рӯзнома дар чопхонаи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик ва тоҷири бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишмандони забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода, ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони сода аз воқеаҳои ҷаҳонӣ, масъалаҳои гуногуни таърих, ҷуғрофия, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан, зарурати омӯхтани илму дониш таъкид карда мешуд ва оид ба ин масъала мақолаҳои ташвиқотӣ чоп мегардид. Ба андешаи муаллифони мақолаҳо, асоси рушди мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон маҳз тавассути ба нуқтаи баланд расидани савияи илму дониши раияташон ба амал омадааст. Сарзамини аморати Бухоро маҳз аз сабаби беаҳамиятӣ нисбат ба илму дониши дунявӣ ба ҳолати қафомондагӣ гирифтор шудааст.

Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар замони душвори ҳукмронии амирӣ ягона минбари рӯшанфикрони тоҷик ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, дар саҳифаҳои рӯзнома талабу дархости онҳо оид ба тақдири минбаъдаи Бухоро бештар чоп мегардид. Рӯзнома то 2-юми январи соли 1913 ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва бо иғвои муқобилони ислоҳот аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд.

Имрӯз амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Технологияи иттилоотӣ ахборро ба неруи мутаҳаррик табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунанда дорад. Иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳим дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Аммо дар баробари ҷанбаҳои мусбат ҷанбаҳои манфии истифодаи технологияи иттилоотӣ низ, вуҷуд доранд. Аз ҷумла, доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор иттилоотро ҳамчун абзори таъсиргузор барои амалисозиии мақсадҳои ғаразноки сиёсию идеологии худ истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ҳамчун сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромию суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро барои фардои нек таҳким бахшанд». Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки кормандони ВАО барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифои ҷомеа аз ин гуна таҳдидҳо бояд дар саҳфаи аввали мубориза бошанд.

Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гуё забон надорад».

Рӯзномаи маҳаллии «Файзи Зарафшон» низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, ки зиёда аз 90 сол инҷониб ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори мардуми ноҳияи Айнӣ хизмати босазо мекунад. Тайи даҳсолаҳо вобаста ба талаботи замон мазмуну мундариҷаи рӯзнома такмил ёфт. Ба мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда кормандони нашрия тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки рӯзнома мунтазам дастраси хонандагон гардад. Масъалаҳои умдатарини рӯз: меҳнати созанда, беҳдошти зиндагӣ, ободии диёр, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстию меҳанпарастӣ тарғиби таҷрибаи пешқадам, ахлоқи ҳамида ва монанди инҳо аз зумраи мавзуъҳои ҳамешагии рӯзнома ба ҳисоб мераванд.

Асри бистуякро асри иттилоот ном мебаранд. Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Бо забони содаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи рӯзноманигорон ва аҳли қалами кишварро бо иди касбияшон, муборакбод намуда, таммано мекунам, ки ҳамеша рисолати хешро дар ҷодаи расонидани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилоти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои мардум ва миллии кишвар поквиҷдонона ва бомасъулият иҷро карда, барои пешравии мамлакатамон саҳми арзанда дошта бошед.

Leave a Reply

Back to top button