Хабарҳои руз

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АЙНӢ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ)

Санаи 12-уми марти соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) бо иштироки Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода баргузор гардид.
Дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони Раёсат, шуъбаву бахшҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳконӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот кори иҷлосия оғоз ёфт.
Дар кори иҷлосия масъалаҳо:
1. Дар бораи қабули Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати ҳафтум;
2. Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати ҳафтум;
3. Дар бораи таъсис додани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ;
4. Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми январи соли 2025 таҳти №888 “Дар бораи аз вазифаи Раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод намудани Муродзода Муқим Қаюм”;
5. Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми январи соли 2025 таҳти №896 “Дар бораи Раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин намудани Раҳимзода Рӯзибой Маҳмадёр”;
6. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Айнӣ;
7. Пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2;
мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вакилон мувофиқи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода баромад карда, доир ба масъалаҳои баррасишуда изҳори андеша намуд.
Худи ҳамин рӯз иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) кори худро ба анҷом расонид.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

1

Leave a Reply

Back to top button