Хабарҳои руз

Мактаби мусиқӣ бо маҷмӯи асбобҳои мусиқӣ таъмин гардид

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо кӯшишу талош ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳудуди кишвар ва берун аз он ин муассисаҳои номбурда фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ намоянд.
Мактаби санъати бачагонаи №2-и ба номи Нозимҷон Нозимии шаҳраки Сарводаи Ҷамоати шаҳраки Зарафшон фаъолияти хуб дошта, ҳунаромӯзони он пайваста дар чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ баромадҳо карда, бо истеъдоди хуб дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд. Чанде пештар Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз шарту шароити мактаб дидан карда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуда, бо устодону ҳунаромӯзон суҳбат намуда буд.
Зимни боздид Раиси ноҳия бо омӯзгорон ва мутахассисони соҳа суҳбат карда, барои пешрафти фаъолият дар иҷрои барномаҳои таълимии мактаби мусиқӣ ва бо сифати хуб амалӣ намудан, дуруст ба роҳ мондани дарсҳои мусиқӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои муфид дод.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик таваҷҷуҳи хосса менамояд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».
Аз ҷониби ҳунаромӯзон оид ба таъмин намудани мактаби санъат бо асбобҳои мусиқинавозӣ дархост карда шуд. Рӯзибой Раҳимзода дархости ҳунаромӯзонро қабул карда, таъкид кард, ки дар ҷавоб Шумо бояд дар ҷавоб касби интихобкардаатонро хеле хуб омӯхта, дар озмунҳои ноҳиявию вилоятиву ҷумҳуриявӣ, бахусус дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардед.
Бо дастгирии Раиси ноҳия –Рӯзибой Раҳимзода ба Мактаби санъати бачагонаи №2-и ба номи Нозимҷон Нозимӣ маҷмӯи асбобҳои мусиқӣ харидорӣ ва ҳадя карда шуд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button