
Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” баргузор шуда истодааст. Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” як чорабинии байналмилалӣ мебошад, ки ҳадафи он муттаҳид намудани ҷавонони кишварҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор аст. Ин фестивал, ки аз анъанаҳои “Наврӯз” илҳом гирифтааст, рамзи навсозӣ, ягонагӣ ва сулҳ байни миллатҳо мебошад. Дар Фестивал ҷавонони 24 кишвари ҷаҳон, роҳбарияти намояндагиҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, намояндагони ташкилотҳи байналмилалӣ ва ҷавонони фаъоли кишвари Тоҷикистон ҳамчун мизбон ширкат менамоянд.
Субҳи имрӯз, 17-уми марти соли 2024 иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, аз расму русум, анъанаҳои наврӯзӣ ва ҳаёти ҷавонони ноҳия аз наздик шинос шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ҳайати ҷавонони аз кишварҳои хориҷ ба фестивал ташрифоварда ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни “Наврӯз”-и байналмилалӣ самимона табрик намуда, қудуми онҳоро ба ноҳияи зебоманзари Айнӣ хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир нақши ҷавонон дар ташаккули оянда торафт муҳимтар мегардад. Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ташаббусҳои ҷавонон, ки ба рушди илм, инноватсия, варзиш ва соҳибкорӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад. Сиёсати давлатии кишвари мо ба тарбияи шаҳрвандони ватандӯсту соҳибмаърифат ва фаъол, ки тавонанд кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ намоянд, равона гардидааст.





и ещё 15
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться
Reels
Создать