Хабарҳои руз

Боздиди Раиси ноҳия аз километри 22-24-и роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ

18-уми марти соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии километри 22-24-и роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ боздид ба амал овард. Қитъаи роҳи мазкур дар мавзеи Осиёи Чашма ҷойгир буда, қариб ҳар сол дар мавсими тобистон, баробари баданд гардидани сатҳи оби дарёи Зарафшон зери об мемонад ва ба ҳаракати дуҷонибаи нақлиёт монеа эчод мекунад.
Айни ҳол, корҳо дар ин самт хеле хуб ба роҳ монда шуда, бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Сохтмон – 3” 1 километр роҳ барқарор карда шуда, умед аст дар мавсими баланд шудани оби дарё ба рафту омади нақлиёти хурду калон мушкилот пеш наояд.
Раиси ноҳия зимни боздид бо намояндагони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия ва ҶДММ “Сохтмон – 3” таъкид кард, ки дар барқарорсозии соҳил тамоми донишу маҳорати худро истифода карда, сифати корҳоро дар сатҳи зарурӣ қарор диҳанд, зеро ин роҳ – роҳи ҷумҳуриявӣ буда, аз он тамоми мардуми кишвар васеъ истифода мекунанд. Зикр гардид, ки МИҲД-и ноҳия зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон албатта барои беҳдошти роҳ ва рафту омади бехатари мардум тамоми қувваи хешро равона хоҳад кард.
и ещё 5
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

8

Back to top button