
Дар доираи сиёсати муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор Барномаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ва шарикони рушд амалӣ гардида истодаанд.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ноҳияи Айнӣ, дар майдони 156 гектар боғи нав бунёд карда мешавад.
Айни ҳол дар мавзеи “Дашти Боло”-и деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд гардида, дар 30 гектари он мувофиқи нақша 15000 бех себи самаренко, дар 20 гектар 10000 бех зардолу, дар 20 гектар 13320 бех олуча, дар 20 гектар 16660 бех хуч ва дар 10 гектар 8330 бех ниҳоли акатсия мешинонанд, ки дар умум ниҳолу буттаҳои шинонидашудаистода 63310 бехро ташкил медиҳанд.
Мувофиқи нақша дар самти фаъолияти минтақаи ҷангалпарварии Фалғар, дар мавзеи “Дашти Боло”-и деҳаи Похут дар доираи шартномаи идоракунии муштараки ҷангал 100 гектар майдони боғи болозикр ба мардуми деҳаҳои Похут, Сайрон ва Фатмовут тақсим гардида, дар бунёди он сокинони деҳоти мазкур аҳлона камари ҳиммат бастаанд. Бо бунёд гардидани боғ зиёда аз 695 хоҷагии деҳоти дар боло зикршуда соҳиби замину боғ ва ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар бунёди боғи нав, бо супориши Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода пайваста ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва гузаронида мешаванд.
Субҳи имрӯз, таҳти роҳбарии Раиси ноҳия РӯзибойРаҳимзода бо ҳамроҳии роҳбари маркази татбиқи Лоиҳаи мазкур ва дигар шарикон маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил гардида, дар он ҷамъи васеи сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷалб карда шуданд. Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ бо пешниҳоди Раиси ноҳия ба боғи навбунёд номи “Баракат”-ро гузоштанд. Аз ин хотир номи “Баракат”-ро пешниҳод мекунам, гуфт, Рӯзибой Раҳимзода, ки ин ҳама ободониҳо аз самараи Истиқлолу сиёсати бунёдкоронаю пурбаракати Пешвои муаззами миллат маншаъ мегирад.
Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки дар ояндаи наздик боз 56 гектари дигар боғу заминҳои ба нақшагирифтаи Лоиҳаи “Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, бунёд карда мешаванд.
Ногуфта намонад, ки боғи “Баракат” аз ҷониби Лоиҳаи мазкур гирбаст карда шуда, корҳои обёрикунии он идома доранд.





и ещё 24
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
47