
19-уми март Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз Маҷмааи варзишии марказии ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар Дашти Варз, боздид кард.
Бояд қайд кард, ки Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд гардидааст. Варзишгоҳи мазкур дорои 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар маҷмӯъ аз 7 минбари нишастгоҳ иборат мебошад. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 8 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 16 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.
Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Боиси қаноатмандӣ аст, ки бо баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи баланд ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода аз нигоҳдошти Маҷмаа дидан карда, ба мутасаддиён барои ба талаботи стандартҳои ба замони муосир ҷавобгӯ кардани майдони футболбозӣ дастур дод. Масъулон водор шуданд, ки чорабиниҳои варзиширо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд, то ки дар оянда бо маҳорату малакаи варзишӣ парчамбардорони ноҳия тавонанд варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ Парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд бардоранд ва саҳми худро дар рушди варзиши Ватан гузоранд.
Рӯзибой Раҳимзода дар Маҷмаа оид ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ карда, масъулонро муваззаф намуд дар кӯтоҳтарин муддат онҳоро бартараф намоянд.



