Хабарҳои руз

Ҷараёни шудгори замин имрӯзҳо дар ноҳияи Айнӣ бомаром идома дорад

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти шудгори заминҳо дар Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳия дидан кард.
Раиси ноҳия зимни боздид аз рафти шудгор ва сӯҳбат бо кишоварзон афзуд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ боз ҳам беҳтар карда шавад. Зикр гардид, ки кишоварзӣ аз соҳаҳои рушдкарда дар ноҳия, бахусус дар Ҷамоати деҳоти Рарз маҳсуб меёбад ва сокинони меҳнатқарин дар самти истифодаи замин таҷрибаи кофӣ доранд. Бо назардошти ин, зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замин оқилона истифода гардад ва кишти зироатҳо дар асоси нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда шавад.
Масъулони соҳаи кишоварзӣ ба Раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки дар соли 2025 мувофиқи нақша 389,6 га ғалладонаи тирамоҳӣ, 800 га ғалладонаи баҳорӣ, картошка 1091 га, сабзавот 179,2 га ва зироати хӯроки чорво 43 га замини обӣ ба кишт фаро гирифта мешавад.
Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид аз шудгори заминҳо ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия барои риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо, сари вақт гузаронидани шудгори заминҳо, кишти зироатҳо, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзор, боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррам намудани муҳити зист ба дастуру супоришҳои махсус дод.
Зикр гардид, ки сари вақту хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми шудгор кардан хок дуруст майда монда, пору ва алафҳои бегона зери хок шуда ба пору табдил меёбанд.
и ещё 4

Leave a Reply

Back to top button