
Дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тащти рощбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ва бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятии ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳамоиш баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Қарори Раиси ноҳияи Айнӣ аз 6-уми марти соли 2025 таҳти №79 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 2025” ба тасвиб расидааст.
Дар оғози ҳамоиш Раиси ноҳия зикр кард, ки дар даврони истиқлол бо мақсади муқовимат ба коррупсия бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, гуфт Рӯзибой Раҳимзода ин коррупсия мебошад. Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд. Аз ин лиҳоз даъват ба амал оварда шуд, ки масъулон бо шаҳрвандон низ дар ин самт фаъоллияти хуб ба роҳ монанд, то ки шаҳрвандон низ ҳамчун аъзоёни фаъоли ҷомеа ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ фаъолият нишон дода, дониш, нерӯи худро ба ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ равона созанд. Пешгирию бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ, муқовимат ба ин зуҳуроти нангин, вазифаи танҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ набуда, кори дастаҷамъӣ мебошад.
Як қатор масъулини идораю таҳкилоти давлатию ҷамъиятӣ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани “Нақшаи чорабиниҳои идоравии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои 2025” муваззаф гардиданд.





и ещё 4
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться