
Имрӯз, 21-уми марти соли 2025 дар шаҳраки Зарафшон – 1-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ тантанаҳои наврӯзӣ аз намоиши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, шеъру сурудхонӣ, расмкашӣ ва дигар тадбирҳои идона дар гулгашти ба номи Глазунов бо барномаи театрикунонидаи наврӯзӣ ҷараён гирифт.
Рӯзибой Раҳимзода -Раиси ноҳияи Айнӣ зимни сухани табрикӣ фарорасиии ҷашни омадани Наврӯзи ҳуҷастапайро барои мардуми шаҳракт муборакбод гуфт. Зикр гардид, ки 23 феврали соли 2010 таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзӯи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатъномаи ин созмони бонуфуз бо аксарияти овозҳо қабул гардида, Наврӯз ба феҳристи ёдгории ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуд, ки дар он саҳми давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба вижа Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. Мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоям, ки “Наврӯз” бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвари мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он ҳамчун рамзи рӯзи нав, саршавии соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав эҳё гардида, имрӯз ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст.
Бигзор, Ҷашни “Наврӯз”-и Бузург ба ҳар кадоми шумо тандурустиву хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда, иқболи неку толеи баланд ва дастурхони пурфайзу баракат ато намояд.
Барномаи пурмуҳтавои идонаро, ки ифодагари суннату ойинҳои наврӯзӣ, сулҳу баҳамоӣ, дӯстию рафоқат, оростани дастурхону оғози кишту кори баҳорӣ ва дигар рамзҳои ин ҷашни бостонӣ буд, меҳмонон ва аҳли шаҳрак дар гулгашт тамошо карданд.





и ещё 33
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться