
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи неки наврӯзӣ дар ҳошияи таҷлили ҷашни Наврӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба дидорбинии ашхоси касбу кори гуногун рафт.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ зимни аёдатҳо иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати башардӯстонаи худ дастгирии оилаҳои ниёзмандро ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд.
Зимни дидорбинӣ ба шахсони барҷомонда тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун армуғони наврӯзӣ тақдим гардид.




Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться