Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ “НАВРӮЗ” ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз барои мо – тоҷикон Иди Сари сол, Соли нав, Ҷашни миллии бостонӣ ва тараннумгари эҳёи табиату сарчашмаи баракати хонадон ба ҳисоб меравад.
Санаи 22-юми март дар маркази ноҳияи Айнӣ Ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Назди майдонҳои Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ба базмгоҳи наврӯзӣ табдил ёфта, дар растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафт сину ҳафт шин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти соҳаи саноат, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, рағзабофӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сабадбофӣ ва гаҳворасозӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Ташкили бозиҳои миллии наврӯзӣ низ ба ҷашнвора шаҳомати хоса эҷод менамуд. Ҷалби кардани кӯдакон ва фарзандон ба ин бозиҳо дар иди Наврӯз нақши муҳим дар интиқоли арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон ба насли ҷавон дорад. Аз ин рӯ, ин бозиҳо на танҳо як раванди шодмонӣ ва фарҳангӣ ҳастанд, балки як тарзи муҳим барои омӯзиш ва шиносоии таърихи гузаштаи халқ ва расму оинҳои аҷдодӣ ба насли оянда мебошанд.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, намояндаи вилояти Суғд, –муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ва кулли сокинону меҳмонони ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия бо ҳайати намояндагону муовинон аз маросими “Говбаророн” ва аз растаю хаймаҳои наврӯзӣ дидан карда, ба ҳунару истеъдоди ҳунармандон баҳои баланд доданд. Изҳори умед карда шуд, ки бо қудуми мубораки Наврӯз файзу баракат ва пешравию дастовардҳои бузург ба Тоҷикистони азиз ва хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ чун армуғони баҳорӣ меҳмон шуда, шодиву нишот ва хушбахтиҳои ҷовидонӣ ҳамрадифи умр ва зиндагии ҳар фарди кишвар хоҳад гашт.
Рӯзибой Раҳимзода – Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суханронии худ сокинони ноҳияи Айниро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфта, иброз дошт, ки Наврӯзи хуҷастапай аз ҷашнҳои куҳани тоҷикон маҳсуб ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ суннатҳои хосаи наврӯзӣ эҳё гардиданд. Бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифта, шукуҳи он ҳамасола боло меравад.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид баён дошта буданд, ки “Наврӯз барои мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем”.
23 феврали соли 2010 таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзӯи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатъномаи ин созмони бонуфуз бо аксарияти овозҳо қабул гардида, Наврӯз ба феҳристи ёдгории ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуд, ки дар он саҳми давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба вижа Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст.
Баъдан, Раҳим Санъат Асо мардуми ноҳия ва дигар меҳмононро бо фарорасии Иди байналмиллалии “Наврӯз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Ҳамзамон, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар зимн, якчанд нафар фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳои чорабинӣ барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
и ещё 76
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

1

Leave a Reply

Back to top button