
Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба дидорбинии афсарону сарбозони қисми ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии 0203-и мавзеи Исрофилободи ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, ҷасурони марзбони кишварро бо фарорасии соли нави миллӣ – Наврӯзи оламафрӯз муборакбод намуд.
Раиси ноҳия зимни суханрониаш дар чорабинӣ аз нақши сарбозону афсарон дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуда, ба фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар воқеъ афсарону сарбозон дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад.
Дар зимн, ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан тӯҳфаҳои наврӯзӣ тақдим гардида, барои хушу хотирмон истиқбол гирифтани соли нави аҷдодӣ дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби Бахши фарҳанги ноҳия барномаи хуби консертӣ намоиш дода шуд.





Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться