
Субҳи имрӯз, дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимии “Маркази омӯзиши забонҳо” бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, намояндаи вилояти Суғд, –муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва дигар меҳмонону сокинон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар марказ омӯзиши забонҳои хитоиву рӯсӣ ба роҳ монда шуда, зимни ба истифода додани он соҳибкор Субҳия Лутфова иттилоъ дод, ки дар оянда омӯзиши забони англисӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни ифтитоҳи таълимгоҳ афзуд, ки имрӯз дар остонаи таҷлили яке аз ҷашнҳои барои миллати мо бисёр муборак, яъне Ҷашни Наврӯз ин боргоҳи мӯҳташами таълиму тарбияро ба истифода месупорем, ки ин рӯйдод фоли басо нек аст. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи шуморо ба ифтихори рӯзҳои Ҷашни Наврӯз ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як маркази наву замонавии таҳсилот барои хонандагони боистеъдод, ки дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ноҳия рӯйдоди воқеан хотирмон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Мо аз ҷавонон умеди калон дорем. Чуноне Пешвои муаззами миллат мегӯянд: -ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Раиси ноҳия ба соҳибкор Субҳия Лутфова миннатдории Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба чунин занони ҷасуру мубориз ва ободкори Ватан ҳамеша дасти кӯмак дароз хоҳад кард.
Дар саҳни маркази “Маркази омӯзиши забонҳо” дар доираи тантанаҳои Ҷашни Наврӯз як қатор омӯзгорони ноҳия бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати болозикр сарфароз гардонида шуданд.





и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться