
Ҳамдиёрони азиз!
Қаблан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Рамазон самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони сокинони ноҳия осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар қайд карданд “Имрӯз мо озод ҳастем-тоат мекунӣ, ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, масҷид меравӣ, хонаи Худо меравӣ, кори хайру савоб мекунӣ, озод ҳастӣ”.
Қайд бояд намоям, ки мардуми ноҳияи мо дар қатори тамоми мусалмонони ҷаҳон имрӯз Иди саиди Рамазонро маҳз бо шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва эҳёи суннату анъанаҳои неки гузашта таҷлил намуда истодаанд.
Иди Саиди Рамазон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи сунатҳои эътиқотиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад.
Анҷом додани амалҳои нек ва дароз намудани дасти саховату ҳиммат ба ниёзмандон аз ҷумлаи амалҳоест, ки Худованд барои онҳо ба шахсони сахованманд подошу аҷри зиёд фармудааст.
Мардуми мо низ дар арафа ва рӯзи иди муборак ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кӯмак мерасонанд.
Воқеан, анҷом додани амалҳои хайроту садақот дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Маврид ба зикр аст, ки таъсири тағйирёбии иқлим, ки хусусан, солҳои охир аҳолии сайёраро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда истодааст ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд.
Бинобар ин, ба тамоми ҳамдиёронамон ва махсусан, ба занону бонувони муҳтарам хотиррасон менамоям, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.
Зеро дини мубини ислом низ исрофкориро маҳкум мекунад. Моро зарур аст, ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ, имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандонамон равона намоем.
Аз ин рӯ ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳми саъю талош намоем.
Чи тавре, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус борҳо таъкид намуда буданд: “Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофот хатари ҷиддӣ барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа мебошад”.
Аз ин лиҳоз, мардуми мо, алалхусус, ҷавонон бояд аз ҳадафҳои нопоки чунин гурӯҳҳо огоҳ бошанд, ба доми фиреби шахсони ҳангоматалабу дасисабоз ва ифротгарову хурофотпараст гирифтор нашаванд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро, ки дастоварду неъмати бебаҳои зиндагии халқамон мебошад, ҳифз намоянд.
Ҳамчунин, мардуми сарбаланди ноҳияамонро даъват мекунам, ки мисли ҳарвақта муттаҳиду сарҷамъ бошем ва дар ҳама ҳолат, хусусан, дар ҳолатҳои вазнин якдигарро дастгирӣ кунем ва ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон бошем.
Дар ин рӯзи иди саиди Рамазон барои мардуми азиз ва кишвари маҳбубамон оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровонӣ орзу менамоям.
Бори дигар иди саиди Рамазонро ба мардуми шарифи ноҳияамон табрик гуфта, ба ҳар хонадон саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама, оромиву осоиш орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хушбахт бошед, ҳамдиёрони азиз!