
Дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода мангул ё худ лӯлаи калони обтаъминкунии Дашти Хушекат, ки аз масофаи қариб 4 километр кашида шуда, зиёда аз 230 гектар заминҳои Дашти Хушекат ва қисме аз заминҳои Дашти Варзро бо оби полезӣ ва ҳам нӯшокӣ таъмин менамояд аз таъмири куллӣ бароварда мешавад. Оби ин мангул аз сойи деҳаи Хушекат ҷорӣ гашта, ҳамчун оби нӯшокӣ низ истифода карда мешавад. Бояд қайд кард, ки аз сабаби лағшиши кӯҳ соле пештар ин мангул аз кор баромада, дар соли 2024 деҳқонони заминҳои болозикр ба мушкилоти нарасидани об рӯ ба рӯ гаштанд. Набудани оби полезӣ дар ин мавзеъ мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт ва бо ҳамин сабаб кишоварзон наметавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.
Мангули Дашти Хушекат солҳои 80-90-уми асри гузашта бунёд шуда, давоми солҳои зиёд он кӯҳнаву фарсуда гаштаву ба таъмиру таҷдиди куллӣ ниёз дошт. Соли ҷорӣ бо талошҳои Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода ин мангул ба таъмири куллӣ фаро гирифта шуда, мушкилот низ ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Ҳамакнун, корҳои таъмиру таҷдиди мангул дар ҳолати анҷомёбист. Бино ба иттилоъи масъулон корҳои таъмиру таҷдиди мангул 80 фоиз иҷро гардида, дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.
Раиси ноҳия ба масъулони Идораи обтаъминкунии ноҳия супориш дод, то ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншооти обистеҳсолкуниро дар кӯтоҳтарин муддат ба эътидол дароварда, ҳаҷми обрасониро зиёд, сифати хизматрасониро беҳтар ва шумораи истифодабарандагон аз оби мангулро зиёд гардонида, ба ин восита дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузоранд.





и ещё 17
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
72