
Аёдати собиқадорони меҳнат, мардони рӯзгордидаву соҳибмақом дар ноҳияи Айнӣ ба ҳукми анъана ва ба як самти муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ табдил ёфтааст.
Бо тарғиби рӯзгори чунин мардони арсаи меҳнат метавон насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва шинохти арзишҳои муқаддаси соҳибистиқлолӣ ба камол расонд.
Дар доираи тантанаҳои Наврӯзӣ Раиси ноҳияи Айнӣ дар якҷоягӣ бо муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода бо собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ зимни фаъолияти пурсамари худ дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми муносиб гузошта, инчунин садҳо нафар шогирдонро ба камол расонидаанд, мулоқоти судманд анҷом доданд.
Собиқадорони меҳнат аз раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, даст ба дуо бардошта, изҳор доштанд, ки ҳар фарди ватандӯстро мебояд дар роҳи ободии Ватан дучанд талош ва меҳнат намуда, ба Ватану миллат содиқ бошанд.


Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться