Хабарҳои руз

ДИДОРБИНӢ БО КӮЧАРӮБҲО ДАР ШАҲРАКИ САРВОДА

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода 29-уми марти соли 2025 бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили Сарвода”-и шаҳраки Сарвода мулоқот карда, онҳоро бо фарорасии Иди саиди Фитр муборакбод намуд. Аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба кормандон бахшида ба иди саиди Фитр кӯмаки моддӣ расонида шуда, ҳамчунин, як адад автомобил барои фаъолияти пурсамари КВД “Манзили Сарвода” ҳадя карда шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни мулоқот бо кормандони ин корхона қайд кард, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоем.
Умед аст, ки Шумо тозакорон минбаъд низ дар рушду шукуфоӣ ва ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашида, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат аз ҳарвақта бештар талош меварзе
и ещё 2
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

8

Leave a Reply

Back to top button