Хабарҳои руз

Дастгирии маъюбон дар ноҳияи Айнӣ

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагону оилаҳои ниёзманд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кўмак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кумак намудан ба шахсони ниёзманд ба қишри камбизоати ҷомеа-ятимон, маъюбон, пиронсолон, бепарасторон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ноҳияи Айнӣ” дар арафаи Иди саиди фитр ба зиёда аз 75 нафар маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни мулоқот бо ин қишри ҷомеа гуфт, ки ин иқдом дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии маъюбон дар арафаи иди саиди Фитр рӯи кор омад.
Сардори ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ноҳияи Айнӣ” миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаашон расонид.
и ещё 3
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

39

Leave a Reply

Back to top button