Хабарҳои руз

Шанбегии дастаҷамъона дар ноҳияи Айнӣ

Зери сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба “Кишвари сабз” ва гул-гулшукуф мубаддал гардонидани Тоҷикистон як қатор корҳо ба сомон расонида шуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки қабули «Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027″ ва «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» низ баёнгари он аст, ки ин сиёсат муваффақона пеш меравад ва Тоҷикистон дар самти истифодаи энергияи сабз ва дар оянда воқеан ҳам ба як кишвари сарсабз табдил ёфтан қадамҳои устувор мегузорад.
Вобаста ба ин, имрӯз, 29-уми марти соли 2025 дар ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо ҷалби васеи сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ шанбегии дастаҷамъона таҳти шиори “Тозагиву озодагӣ мароми мост!” баргузор гардид.
Шанбегии мазкур дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ гардида, мардум атрофи бинои биноҳо, кӯчаю паскӯчаҳо, шафати Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, Роҳи Айнӣ – Панҷакент ва Роҳи Айнӣ Кӯҳистони Мастчоҳро аз партовҳо тозаву озода намуданд.
Шанбегиҳои дастаҷамъӣ бо ин маром идома гирифта, дар шафати роҳҳо пайваста ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва бо гарм шудани ҳаво дар хиёбонҳою шафати роҳҳо гулу гулбуттаҳо низ шинонида мешаванд.
и ещё 30
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

37

Leave a Reply

Back to top button