Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ФИТР ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Иди Саиди Рамазон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи сунатҳои эътиқотиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад.
Субҳи имрӯз, 30-юми марти соли 2025 ба муносибати фароарсии ин иди саид дар масҷиди ҷомеи деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ низ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва намозгузорони зиёд намози идона гузошта шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Имодулло Убайдуллозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноат дар вилояти Суғд, Сафарзода Умедҷон дар маросими ифтитоҳи намози фитр иштирок ва баромад намуда, намозгузорон ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии Иди саиди Фитр шодбош гуфтанд.
Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади худ гуфт, ки ин ҳама сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлоли Тоҷикистон маҳз бо кушишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Бинобар ин ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси ҷомеа, ки фардои Ватан, давлат ва миллат барояш азиз аст, аз ҷумла аҳли маориф, зиёиён, фаъолон, падару модарон, хизматчиёни давлатӣ, инчунин, ходимони динро зарур аст, ки наврасону ҷавонони ноҳия, яъне насли ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки истиқлолу озодӣ ва гиромӣ доштани таърих, забон ва фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд, тарбия намоянд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар қайд карданд “Имрӯз мо озод ҳастем-тоат мекунӣ, ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, масҷид меравӣ, хонаи Худо меравӣ, кори хайру савоб мекунӣ, озод ҳастӣ”.
Ҳамчунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Имодулло Убайдуллозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноат дар вилояти Суғд, Сафарзода Умедҷон баромад намуда, ба сокинони ноҳия паёми табрикии Роҳбарияти Олии кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба сокинони ноҳия ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр расониданд.
и ещё 4
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

10

Leave a Reply

Back to top button