
Бо ташаббуси Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода дар майдони ба номи Глазунови шаҳраки Сарводаи Ҷамоати деҳоти Зарафшон майдонча барои бозии кӯдакон бунёд гардида, дар арафаи Иди саиди Фитр мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд қайд кард, ки хурсандии кӯдаконро дар ин рӯз ҳадду канор набуд.
Дар шаҳраки Сарвода ин аввалин майдончаи бозии “Лимпопо” буда, он аз ҷониби соҳибкор Хуҷаев Фирдавс ташкил карда шуд.,
Раиси ноҳия зимни ифтитоҳи майдонча зикр намуд, ки ин ҳама ободкориҳо самараи сулҳу субот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ташаббусҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ гуфт Рӯзибой Раҳимзода ояндаи дурахшони давлати миллиро насли солими он муайян менамоянд. Ин қишри ояндасоз дар ин раванд кӯдакон буда, осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеаву Ватан ба шумор мераванд. Тоҷикистони азизи мо кишвари соҳибистиқлоли иҷтимоӣ буда, дар таъмини ҳимояи ҳуқуқҳо, таъмини зиндагии шоиста ва бехатарии кӯдакон дар ҷомеа масъул аст. Дар тарбия дуруст, солимии руҳию равонӣ ва ба ҳаёти мустақилона қадам мондани онҳо ҳамаи мо вазифадорем. Меарзад, ки кӯдакону наврасонро дар рӯҳи ватанпарварӣ, ваҳдатсолорӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамидаи тоҷикӣ ба воя расонем.
Раиси ноҳия ба соҳибкор барои ташкил намудани чунин як майдончаи муосир барои бозии кӯдакон миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳитяро расонид.





и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
4