
Дар ноҳияи Айнӣ шудгори заминҳо ва васеъ ба роҳ мондани кишти картошка идома дорад. Бо ташаббуси Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зиёд заминҳои кишти беда киштгардон шуда истода, ҳаҷми замини корам аз ҳисоби картошка васеътар ба роҳ монда мешавад. Дар Дашти Хушекат аз ҳисоби заминҳои беда 60 сотих барои истифода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дода шуд, ки кормандон имрӯз бо иштироки Раиси ноҳия дар он картошка кишт карданд. Ҳамчунин, ташкилоту муассисаҳои ноҳия муваззаф гардиданд аз ҳисоби заминҳои кишти беда на кам аз 20 сотих картошка кишт намоянд. Раёсати кишоварзӣ дар ноҳия барои дастрас намудани тухми босифат барои кишоварзон вазифадор карда шуд. Раиси ноҳия назорати қатъии кишти картошкаро ба уҳдаи худ гирифтааст.
Картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда дониста мешавад, ки баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мегарданд.
Ҳамзамон Раиси ноҳия аз раванди ниҳолшинонӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии Дашти Варз боздид карда, дар ҳашари умумӣ фаъолона ширкат намуд. Масъулини соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 2 гектар боғҳои суперинтенсивӣ бунёд намуда, бо ин васила саҳми худро дар пешрафти соҳаи боғу токпарварӣ гузоранд. Айни ҳол, дар майдони 20 сотих имрӯз 900 бех ниҳоли себ шинонида шуд.
Раиси ноҳия аз рафти ҳашар дар ҷӯйбори калони Дашти Хушекат дидан карда, бо истифодабарандагон аз наздик суҳбат кард. Зимни суҳбат бо кишоварзону деҳқонон Рӯзибой Раҳимзода дар мавриди истифодаи самараноки замин, зиёд намудани майдони кишти картошка, бунёди боғҳои нав, аз ҷумла шинонидани ниҳоли хуч тавсияҳо дод.





и ещё 35