
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ эълон намуда, дар роҳи татбиқи он ба рушди тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, яъне истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, бахусус заминҳои обӣ таваҷҷўҳ ва афзалияти хоса медиҳад.
Дар ин радиф, чандин барномаҳои ҳукуматӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд, инчунин якчанд маротиба муроҷиатномаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат ва тамоми мардуми мамлакат интишор гардида буд.
Вобаста ба ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истода барои оқилонаю самаранок истифода кардани ҳар як ваҷаб замин Раёсати кишоварзии ноҳия ва идораи Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ супоришҳои қатъӣ гирифта, тарзи дурусти истифодаи заминро дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ карда истодаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ дар ин маврид гуфт, ки албатта, натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми ноҳия афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро кафолат дода, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакатро таъмин хоҳад кард. Новобаста аз нақшаи таҳиягардида, гуфт Рӯзибой Раҳимзода мо ҷаҳду талош менамоем кишти картошкаро дар соли ҷорӣ васеътар ба роҳ монем.
Айни замон, Раёсати кишоварзии ноҳия ва идораи Кумитаи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ назорати ченаки кишти картошкаро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда, майдони кишти бедаро камтар ва кишти картошкаю дигар маҳсулоти полезиро афзунтар гардонида истодаанд. Ҳамзамон Идораи обтаъминкунӣ дар ноҳия муваззаф гардидааст пойгоҳҳои обкаширо пурра таъмир ва обро ба заминҳои киштшуда дар вақти муайяншуда ба кишоварзон дастрас намояд.





и ещё 20