Хабарҳои руз

БЕТОНПӮШКУНИИ РОҲҲО ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободкориву созандагӣ ва ба ин васила дар зебову хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёри биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорад. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хуррамгардониву зебонамоӣ тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона ҷараён мегиранд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ атрофи Муассисаи давлатии санитарию эпидемиологӣ, воқеъ дар назди Беморхонаи марказии маркази ноҳия бетонпӯш карда шуд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Вешканди Ҷамоати деҳоти Урметан роҳҳои байнидеҳавӣ тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона бетонпӯш карда мешавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ба ободкорон миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонида гуфт, ки бо чунин иқдомҳо мо на танҳо ноҳияи худро зебо мегардонем ва дар ободонии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат нишон дода, дӯст доштани ватани худ, макони зист ва сарзамини худро меомӯзонем.
и ещё 5

Leave a Reply

Back to top button