Хабарҳои руз

Майдони кишти картошка дар ноҳияи Айнӣ васеъ мегардад

10-уми апрел Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти киштукори баҳории заминҳои хоҷагии деҳқонии Хушекат ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии Дашти Хушекат боздид кард. Шудгори заминҳо дар хоҷагиҳои мазкур идома дошта, кишоварзон кишти картошкаро низ хуб ба роҳ монда истодаанд.
Раиси ноҳия зимни боздид аз заминҳои дар боло зикршуда бо масъулони самти кишоварзӣ, кишоварзон ва заминдорон аз наздик суҳбат карда, дар мавриди истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, таъмини тухмии хушсифат ва дуруст тақсим намудани оби полезӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва дар муҳлати муайяншуда дастрас намудани он ба хоҷагидорон, инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, шудгор кардани кишти беда ва васеъ ба роҳ мондани кишти картошка дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамакнун, дар 50 фоизи заминҳои мазкур кишти картошка ба роҳ монда шуда, истифодаи оқилона ва босамари он зери назорати қатъии Раиси ноҳия қарор хоҳад гирифт.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, таъмини пешрафти он тавассути банақшагирии дуруст имконпазир аст. Мо бояд бо дастгирӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, майдонҳои кишти маҳсулоти полезиро васеъ намуда, барои кишти картошка аз тухмии хушсифат истифода барем, зеро ин метавонад ҳосилнокиро ба таври назаррас боло барад. Инчунин, гуфт Раиси ноҳия ба масъулони Раёсати кишоварзии ноҳия таъмини кишоварзон бо маводи зарурӣ, аз ҷумла нуриҳо ва техникаи кишоварзӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи Шумо бошад.
и ещё 18

Leave a Reply

Back to top button