Хабарҳои руз

Нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи соли 2026 баргузор гардид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Айнӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишаст Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, намояндагони мақомоти дахлдор ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизионҳои “Тоҷикистон”, «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Ҷаҳоннамо», рӯзномаҳои «Согдийская Правда», «Файзи Зарафшон» ва радиои маҳаллӣ иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаш моҳи соли 2026 маълумоти муфассал пешниҳод карда, аз дастовардҳои муҳим дар соҳаҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сохтмон, рушди инфрасохтор, таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва оби нӯшокӣ, беҳтар намудани вазъи роҳҳо ва дигар самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ як қатор корҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардида, барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳиму натиҷабахш идома доранд.
Дар идомаи нишаст рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои мубрами ноҳия, аз ҷумла рушди саноату иқтисод, вазъи иҷтимоӣ, соҳаҳои маорифу фарҳанг, рушди сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини барқ, ҳолати роҳҳо, фаъолияти соҳаи андоз, тозагии муҳити зист, рушди кишоварзӣ, иҷрои нақшаҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа саволҳо пешниҳод намуданд.
Раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои марбута ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас, асоснок ва муфассал дода, оид ба тадбирҳои амалишаванда ва нақшаҳои минбаъдаи рушди ноҳия маълумоти зарурӣ ироа намуданд.
Дар фарҷоми нишаст Раиси ноҳияи Айнӣ таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ноҳияи Айнӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳад кард.

Leave a Reply

Back to top button